Мулоқоти муовини вазири нафт бо ҳайати тоҷик
Муовини умури байналмиллалӣ ва бозаргонии вазири нафт бо ҳайати тоҷикистонӣ дидор ва гуфтугӯ кард.
Ба гузориши Садои Хуросон, Аҳмади Асадзода муовини умури байналмиллалӣ ва бозаргонии вазири нафт бо ҳайате аз Тоҷикистон ба раёсатии Бахтиёри Шарифӣ, қоим мақоми вазири санъат ва фановариҳои нави Тоҷикистон ва ҳамроҳии Шарифаи Худобахш, муовини вазири энегрӣ ва захоири обии Тоҷикистон ва дигар масъулони тоҷикистонӣ дидор ва гуфтугӯ кард.
Ин ҳайаи тоҷикистонӣ ба манзури пайгири ва иҷрои мафоди тафоҳумномаи ёдошт шуда ва тавофуқҳо ба Теҳрон сафар карданд.
Бо муовини умури байналмиллалӣ ва бозаргонии вазири нафт ба унвони раиси коргурӯҳи муштараки энергӣ дар бораи ҳамкориҳои мухталифи ҳавзаи энергӣ аз ҷумла иктишоф ва баҳрабардориҳои нафтӣ ва газии он кишвар ва ироаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва ҳамкориҳои омузишӣ мулоқот ва музокира кардаанд.