Баррасии лағви раводид дар дидори мақомоти Қазоқистон ва Чин
(last modified Mon, 27 Jun 2022 13:47:23 GMT )
Июн 27, 2022 18:47 Asia/Dushanbe
  • Баррасии лағви раводид дар дидори мақомоти Қазоқистон ва Чин
    Баррасии лағви раводид дар дидори мақомоти Қазоқистон ва Чин

Сафири Қазоқистон дар Пекан дар дидор бо вазири фарҳанг ва гардишгарии Чин мавзуъи лағви раводид барои шаҳрвандони ду кишвар ба муддати ду ҳафтаро барраси карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс аз Душанбе Шуҳрат Нуришоев, сафири Қазоқистон дар Чин ва Ҳу Ҳипинг, вазири фарҳанг ва гардишгарии ин кишвар дар дидор дар мавриди тақвияти бештари равобити фарҳангӣ ва башардустона ва тавсеаи ҳамкори дар заминаи гардишгариро мавриди баҳсу табодули назар қарор доданд.

Сафири Қазоқистон, вазири фарҳанг ва гардишгарии Чинро бо фурсатҳои туристии кишвараш ва иқдомоти давлат барои иҷроӣ барномаи давлатии тавсеаи гардишгарӣ то соли 2025 ошно кард ва бо дар назар гирифтани барномаҳои тарафи қазоқӣ барои муъаррифии қонуни бедуни раводид барои шаҳрвандони чинӣ ба муддати 14 рӯз, мавзуъи фароҳам кардани шароити мушобеҳ барои шаҳрвандони қазоқистониро низ матраҳ намуд.

Вазири фарҳанг ва гардишгарии Чин ҳам бо таъкид бар вуҷуди чашмандозиҳои зиёди барои ҳамкори дар заминаи фарҳанг ва гардишгарии байни ду кишвар ибрози итминон кард, ки понздаҳумин нишасти кумтаи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башардустонаи Қазоқистон ва Чин, ки қарор аст дар охири соли 2022 баргузор  шавад нақши муҳимеро дар тақвияти равобити фарҳангӣ ва башардустонаи бай ду кишвар хоҳад кард.

Ду тараф дар поёни ин дидор ҳамчунин дар мавриди ҳифзи равобити наздик байни сафорати Қазоқистон ва Пекан ва Вазорати фарҳанг ва гардишгарии Чин дар мавриди баргузории руйдодҳои муштарак дар заминаи фарҳанг ва гардишгарӣ дар чорчуби Созмони Ҳамкории Шанхай, конфронси таъомул ва эътимодсози дар Осиё ва барномаи амали барои иҷроӣ тавофуқот дар натиҷаи нишасти маҷозии сарони кишварҳои Осияи Марказӣ-Чин тавофуқ карданд.

Гуфта шуд, ки аз аввали июли имсол байни Қазоқистон ва Чин парвозҳои муназзамин ҳавоӣ аз сар гирифта мешавад.