Июн 29, 2022 10:53 Asia/Dushanbe
  • Дар нишасти Ишқобод, вазирони умури хориҷаи панҷ кишвари ҳошияии дарёи Хазар ҳузӯр доранд
    Дар нишасти Ишқобод, вазирони умури хориҷаи панҷ кишвари ҳошияии дарёи Хазар ҳузӯр доранд

Нишасти Шӯрои вузарои умури хориҷаи кишварҳои соҳилии дарёи Хазар дар Ишқобод пойтахти Туркманистон оғоз ба кор кардааст.

Нишасти Ишқобод, ки муқаддимаи баргузории шашумин нишасти сарони кишварҳои ҳишияии дарёи Хазар маҳсуб мешавад, қарор аст аз имрӯз (чаҳоршанбе-29  июн) дар Ишқобод баргузор шавад.

Баргузории нишастҳои Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои соҳилии дарёи Хазар, фурсати матлуберо барои ҳамфикрии кишварҳои соҳили дар хусӯси масоъили  дарёи Хазар ва мавзуъоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ фароҳам месозанд ва имкони густариши беш аз пеши ҳамкориҳои панҷ ҷонибаи кишварҳои соҳилии Хазарро дар ин паҳнаи обӣ фароҳам мекунад.

Дар нишасти Ишқобод, вазирони умури хориҷаи панҷ кишвари ҳошияии дарёи Хазар ҳузӯр доранд. Сарони панҷ кишвари соҳилии Хазар шомили Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Қазоқистон, Ҷумҳӯрии Озарбойҷон ва Туркманистон бо истиноди ба усул ва мавозини маншури Миллали Муттаҳид ва ҳуқуқи байналмиллалӣ, асли ҳусни ҳамҷаворӣ ва тафоҳуми мутақобил миёни кишварҳои соҳили ва таъкид бар истифода аз дарёи Хазар барои аҳдофи  сулҳҷуёна  ва мудирияти бохирадонаи манобеъи он,  дар рӯзи 12-уми моҳи августи соли 2018 мелодӣ бар сари матне  ба тавофуқ расидаанд, ки таҳти унвони  "конвенсияи режими ҳуқуқи дарёи Хазар" ба имзои мақомҳои панҷ кишвари соҳили расидааст.

Дар ҳақиқат, аз замони имзои конвенсияи  вазъияти ҳуқуқии дарёи Хазар  чаҳор сол сипари шудааст. Дар ин замина агар чӣ кишварҳои соҳили як гоми муҳим бардоштаанд, аммо мавзӯъоти бисёр муҳиме назири  таъини манотиқи обӣ ва  "таҳдиди ҳузӯри бастар ва зербастари" дарёи Хазар ҳамчунон ниёз ба мусаваботи ҷадид дорад.

Интизор меравад дар поёни шашумин нишасти сарони кишварҳои соҳилии Хазар, ин мусавабаҳо низ ниҳоӣ шаванд. Дар ин иртибот пас аз таҳдиди ҳудуди марзӣ ва мушахас кардани хутути 25-и моил ба унвони савоҳили кишварҳои ҳошияии дарёи Хазар, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи собиқи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар дидор бо ҳамтои вақти Қазоқистонии худ, гуфта буд: Истифодаи сулҳомез аз дарёи Хазар, ки тавассути кишварҳои соҳили алал хусӯс Эрон дар дастури кор қарор дорад, барои ҳамаи кишварҳои ҳошияии Хазар бисёр ҳоизи аҳамият аст ва Теҳрон умедвор аст музокирот ба манзури тарсими хатти мабдо дар нишасти оянда сарони Хазар ба натиҷа бирасад".

Ба ҳар ҳол бояд гуфт, бар асоси конвенсияҳои байналмиллалии мусаваботи кишварҳои соҳилӣ пас аз тасвиб дар маҷолиси ҳар кишвар, лозимал-иҷро талқин хоҳад шуд.

Бадеҳи аст, ки кишварҳои мустақил дар ҳошияи дарёи Хазар ба манзури истифодаи сулҳомез аз ин паҳнаи обӣ бидуни ҳузӯри бегонагон дар дарёи Хазар, талоши музоъфе ба кор хоҳанд гирифт. То кунӯн ва бар асоси сиёсати эъмолии мақомҳои Теҳрон ва Маскав сиёсатҳои дукишвар бар таъкид бар ҳифзи ин  дарёи мутаваситаи панҷ кишвари соҳилӣ барнома рези шудааст ва интизор меравад ин сиёсат ҳамчунон дар дастури кори дукишвар қарор дошта бошад.

Дар заминаи мусаваботи кишварҳои соҳилии дарёи Хазар, бархе нукоти муҳим ва ҳоизи аҳамият вуҷӯд дорад. Ба унвони мисол, бархе аз тасмимоти гирифта шуда ба вижа дар заминаи масоъили зист муҳитӣ ва ҳифзи экусистем ва гунаҳои ҷонурӣ ва наботӣ дар ин густараи обӣ, то кунӯн  иҷроӣ нашудаанд. Дар муқобил, бисёре аз тавофуқномаҳои марбут ба масоъили истихроҷи нафт ва газ ва баҳрабардорӣ аз ҳамл ва нақл  ва иртиботи дарёӣ дар дарёи Хазар, иҷроӣ шудааст.

Бо вуҷӯди он, ки аҳамият масоъили зисти муҳитии дарёи Хазар ба унвони авлавияти асли дар дастури кор қарор гирфтааст, асноди марбут ба ҳифзи экусистеми  дарёи Хазар, ин авлавиятҳо то кунӯн иҷроӣ нашуд. Ин раванди номатлуб нишон медиҳад, ки бархе аз кишварҳои соҳилии Хазар, барои сарфи ҳазинаи ҷиҳати ҳифзи муҳити зистии Хазар тамоиле аз худ нишон намедиҳанд.

 

Дар айни ҳол ба рағми тасмимоти иттихоз шуда дар панҷумин нишасти тарафҳои мутаъоҳиди конвесияи ҳифозат аз муҳити зистии дарёи Хазар дар Ишқобод дар соли 2014 мелодӣ, сарони кишварҳои соҳили то кунӯн дар мавриди истиқрори дабирхонаҳои конверсияи зисти муҳити дар Теҳрон, вазъгирии хосе нагирфтааст.

Ин раванд нишон медиҳад, ки бархе аз кишварҳои соҳилӣ, баҳрабардорӣ аз манобеъи энергияи дарёи Хазар ва фурӯши манобеъи ҳедрокарбориро ба ҷои таваҷҷӯҳ ба масоъили зисти муҳитӣ дар авлавият қарор додаанд. Бадеҳи аст, ки бо ин раванд, муҳити зистии дарёи Хазар низ монанди дигар дарёҳои мурда аз ҷумлаи дарёчаи Орал, сарнавиште ҷуз нобуди нахоҳанд дошт.

Дар як ҷамъбандии кулли аз аз нишастҳои Ишқобод бояд гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ройзаниҳои чаҳор соли гузашта дар сутуҳи коршиносон, Шӯрои умури хориҷа, вазирони ҳамл ва нақл ва руасои муҳити зистии Хазар, интизор меравад сарони кишварҳои соҳили дар поёни нишасти имрӯз (чаҳоршанбе-29 июн) ба бисёре аз убҳомҳои мавҷуд дар заминаи масоъили зисти муҳити ва таҳдид ҳудуи марзӣ посухи асли ва мантиқӣ ироа диҳанд.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп