Таҳлил: Поёни нишасти уламои Афғонистон
(last modified Sun, 03 Jul 2022 07:15:39 GMT )
Июл 03, 2022 12:15 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадшақиқи Амин коршиноси афғон дар ин бораи мегӯяд: Ҷергаи Толибон бо Ҷергаҳои дигар комилан мутафовит буд
    Муҳаммадшақиқи Амин коршиноси афғон дар ин бораи мегӯяд: Ҷергаи Толибон бо Ҷергаҳои дигар комилан мутафовит буд

Нишасти уламои Афғонистон дар баёнияи поёнии худ зимни таҷдиди байъат бо Мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода раиси Толибон бар ҳимояти қотеъ аз фаромини вай таъкид карданд. Дар ин баёния бо ин иддао, ки Толибон бархоста аз матни мардум аст инро далели рушан бар машрӯъияти дохилии ҳокимияти Толибон дар Афғонистон эълом карданд.

Бо таваҷҷӯҳ ба таркиби даъват шудагон ба нишасти уламои Афғонистон аз сӯи гурӯҳи Толибон, ки сарфан дар толори Луи Ҷерга машварате бо ҳамон теъдоди ҷамъият яъне 3500 тан баргузор шуд, комилан мушахас буд, ки хуруҷи он чӣ хоҳад шуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба нигоҳи халифагарии раиси Толибон ба ҳокимияти худ дар Афғонистон, комилан рушан буд, ки вай ба дунболи кашфи машруъияти динӣ бо байъат гирфтан аз уламои саросари Афғонистон аст то оноро низ бо ҳузӯр дар маҳалӣ зиндагии худ барои Толибон  ваҷоҳати касб ва барои мардуми Афғонистон онро қобили пазириш кунанд, зеро танҳо касоне, ки дар маҷмаъи се рӯзаи Толибон ҳузӯр доштанд уламо буданд ва бо таваҷҷӯҳ ба наҳваи баргузории он, ки аз сӯи ҳеч расонае пушиши хабари дода нашуд, мушахас нашуд, ки оё дар миёни уламо мухолифоне низ ҳузӯр доштанд ё на?

Муҳаммадшақиқи Амин коршиноси афғон дар ин бораи мегӯяд: Ҷергаи Толибон бо Ҷергаҳои дигар комилан мутафовит буд. Агар чӣ дар дин машварат мавриди таъкид аст аммо машварати матлуб, бо ҳамаи асҳоби ҷомеъа аст на касоне, ки мутаъсир аз дин ҳастанд ва ҳар навъ бунёди диниро мутобиқ бо манофеъи худ таъид мекунанд.

Мардуми Афғонистон интизор доштанд, ки Ҷергаи  машваратии Толибон масоъили муҳиме ҳамчун омӯзиши духтарон ва наҳваи ҳузӯри занон дар ҷомеъаи мавриди барраси қарор бигиранд ва хуруҷи он ба нафъи ҷомеъаи мутакасири қавмӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии Афғонистон бошад.

Аммо  дар амал ончиро баёнияи нишасти уламои афғон қобили истинбод аст сирфан талоши Толибон барои касби байъат ва машрӯъият бахшидан ба саркубии мухолифонаш аст ва дар ҳамон ҳол расмият бахшидан ба наҳваи ҳокимияти раиси Толибон, ки бо илқоби мухталиф номида мешаванд. Таъкид бар итоъат  аз фаромини Ҳибатуллоҳи Охундзода бидуни инки роҳи кори илмӣ барои идомаи ҳокимияти Толибон дар Афғонистон мутаносиб бо риояти ҳуқуқи шаҳрванди мардум мавриди таъид қарор бигирад, боис шуд то бисёре аз мардум ва маҳофили сиёсӣ дар Афғонистон онро ҳаракати намоишии Толибон барои касби машрӯъияти дохили қаламдод кунанд.

Вис Носирӣ коршиноси масоъили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд:

Толибон ибдидо гуфтанд, қасди баргузории Луи Ҷергаро доранд аммо ба нишасти Шӯрои уламо табдил карданд ва ин бар хилофи таърихи таҳаввулоти Афғонистон дар баргузории маҷлиси бузургон буд. Ин бадон маъно аст, ки Толибон наметавонанд аз он машрӯъияти лозимро барои ҳалӣ бӯҳрони Афғонистон касб кунанд.

 

Дар ҳар ҳол, нишасти уламои Афғонистон дар ҳоле ба поён расид, ки бисёре аз мушкилоти мардуми ин кишвар  ба хусӯс занон ва духтарон аз ҷумла таҳсил ва иштиғоли онон лоянҳал боқӣ монд. Ин интизор дар ҷомеъаи Афғонитон буд , ки Толибон бо тарҳи ин масоил, ҳукми ҷамъии уламоро барои бозгушоии мадориси духтарона ва расмият бахшиданд ба кори заноне, ки ниме аз ҷомеъаи Афғонистонро шомил мешаванд ва ҳамчунин соири масоиле, ки аз дидгоҳи Толибон ниёзманди ҳукми динӣ аст, касб кунад, ки дар амал ин гӯна нашуд ва ҷомеъаи Афғонистонро аз ҳар гӯна таҳаввул ноумед кард.

 

Бештар бихонед: