Июл 06, 2022 12:01 Asia/Dushanbe
  • Имзои 6 санади ҷадиди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Узбакистон

Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон аз имзои 6 санади ҷадиди ҳамкорӣ бо Узбакистон хабар дод.

Дар чорчӯби сафари як ҳайати баландпояи Узбакистон ба Тоҷикистон, байни ду кишвар 6 санади ҷадиди ҳамкорӣ имзо шуд.

Бар асоси ин гузориш, ба вижа мақомоти ду кишвар протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва равобити кории Ҷумҳурии Узбакистон имзо шуд.

Тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар заминаи омӯзиши ҳирфаии ибтидоӣ байни литсейи касбӣ – техникии шаҳри Панҷакент ва Маркази омӯзиши касбии атбои бекори шаҳри Самарқанд ва протоколи ҳамкорӣ байни раёсати Вазорати кор ва шуғли аҳолии шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон ва Идораи кулли иштиғоли минтақаи Самарқанд дар мавриди ҳамкории бештар байни сохторҳои вазоратхонаҳои марбутаи ду кишвар, аз ҷумлаи ду санади дигари имзошуда дар чорчӯби сафари ҳайати ӯзбакистонӣ ба Душанбе аст.

 

Барчасп