Июл 14, 2022 11:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳамакнӯн раиси идораи беҳдошти Толибон дар Доикунд бо тимҳои дармонӣ дар минтақа ҳузӯр доранд
    Ҳамакнӯн раиси идораи беҳдошти Толибон дар Доикунд бо тимҳои дармонӣ дар минтақа ҳузӯр доранд

Манобеъи маҳали дар вилояти Дайкунд дар Афғонистон эълом кард, 11 нафар дар рустоҳои марзи Вулусволии Новамиши ин вилоят ва шаҳристони Боғрони Ҳелманд, дар паи ибтило ба беморие, ки шабоҳат ба вабо доранд ҷон бохтаанд.

Бемории вабо аз ҳафтаи гузашта дар рустоҳои Дашт, Ток, Шиния ва чанд рустои дигари шаҳристони Новамиш равоҷ пайдо кардааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, Саидисҳоқи Ҳусайнӣ, муовини Вазорати беҳдошти Толибон дар вилояти Доикунд  рӯзи чаҳоршанбе бо эъломи омори талафоти ноши аз вабо дар ин вилоят гуфт: Бо иқдомоти сареъ аз густариши бемори ҷилавгири шудааст.

Вай афзӯд, ки ҳамакнӯн раиси идораи беҳдошти Толибон дар Доикунд бо тимҳои дармонӣ дар минтақа ҳузӯр доранд.

Ӯ тасреҳ кард, ки чаҳор тими дармонӣ аз шаҳристони Каҷрон, Кити ва марказӣ вилояти Дойканд ба минтақа фиристонда шуда ва дар ҷараёни се рӯза тавонистаанд аз равоҷи  бештари бемори ҷилавгирӣ кунанд.

Ба гуфтиаи ӯ тимҳои дармонии Дойканд дар рӯзи нахуст 200 бемор, рӯзи дуввум 184 бемор ва рӯзи саввум 20 беморро шиносоӣ ва мудаво кардаанд.

Барчасп