Июл 14, 2022 17:04 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугуи телефонии вазирони хориҷаи Узбакистон ва Қирғизистон
    Гуфтугуи телефонии вазирони хориҷаи Узбакистон ва Қирғизистон

Мақомоти аршади Узбакистон ва Қирғизистон дар як гуфтугуи телефонӣ бар афзоиши ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақави таъкид карданд.

Мубодилоти бозаргонии байни Узбакистон ва Қирғизистон дар соли 2021 дар сатҳи 952 миллиону 600 ҳазор доллар қарор гирифта аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Владимир Норов, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Узбакистон ва Ҷинбик Кулубоев, вазири умури хориҷаи Қирғизистон дар гуфтугӯи телефонӣ, роҳҳои густариши равобити ҳасанаи ҳамҷавори ва широкати роҳбурдиро барраси карданд.

Норов ва Кулубоев охирин вазъияти минтақаро мавриди барраси қарор дода ва бар афзоиши ҳамкориҳои минтақави таъкид карданд.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон 57 ширкат бо мушорикати сармоягузорони қирғизистонӣ дар заминаҳои тавлиди масолеҳи сохтмонӣ, тавлиди шириниҷот ва пойязол, хурдафуруши, хадамот дар заминаи тағзияи умумӣ, фаъолияти таблиғоти, хадамоти ҳамлу нақл фаъолият мекунанд.

Дар қаламрави Қирғизистон ҳам бо мушорикати шаҳрвандони узбакистонӣ 51 ширкати муштарак фаъол ҳастанд.

Қирғизистон истиқлолияти Узбакистонро дар таърихи 29 декабри соли 1992 ба расмият нишохт ва дар таърихи 16 феврали соли 1993 байни ин ду кишвар равобити дипломотик барқарор шуд.