Қазоқистон ба Сербистон паҳпод содир мекунад
Қазоқистон ба Сербистон дар мавриди содироти паҳподҳои тавлиди Қазоқистон тавофуқ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, ширкати миллии Қазоқистон Энҷинринг бо ширкати сербистонӣ Yugoimport-SDPR дар мавриди содироти паҳподҳои шабеҳсозишудаи ҳавоӣ ба ин кишвар тавофуқномаи ҳамкори имзо карданд.
Бар асоси эъломи ширкати миллии Қазоқистон Инҷиниринг паҳподҳои тавлидии ин кишвар муҷаҳаз ба шабеҳсозии ҷараёни гармо, болҳои қобили ҷудошудани сареъ, системаи халабонии афтаматик ва системаи чатри наҷот ҳастанд.
Ҳадиаксари бурди парвоз бедуни тавақуф 55 километр ва ҳадиаксари иртифоъи парвоз 3500 метр аст.
Ҳамчунин дар чорчуби тавофуқномаи имзошуда Қазоқистон ва Сербистон ба роҳандозии тавлидоти муштараки таҷҳизот ва таслиҳоти низомии замонави хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Коирбек Ускинбоев, вазини саноат ва тавсеаи зерсохтии Қазоқистон вуруди тавлидоти қазоқӣ ба бозори ҷаҳони фурсатҳои бузургеро дар ихитиёри кишвар қарор дода ва ҳамзамон ин воқеъиятро тайид мекунад, ки он қобили рақобат бо тавлидоти хориҷӣ аст.
Ин мақоми қазоқӣ таъкд карда аст, ки ҳамкориҳои худро бо Сербистон дар ин заминаҳо афзоиш хоҳанд дод.
Тамирҷон Абдураҳмонов, раиси ширкати миллии Қазоқистон Энҷинбринг эълом кард, ки бар асоси тавофуқномаи имзошуда Қазоқистон ва Сербистон тавлиди муштараки муҳимоти мушакӣ ва тупхона ва ҳамчунин хумпораҳои 82 ва 120 милиметриро роҳандози хоҳанд кард.