Декабр 01, 2016 18:22 Asia/Dushanbe
  • Худдории раисҷумҳури Қирғизистон аз номзадӣ дар интихоботи оянда

Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон, ки чанд соли ахир аз ҷоҳталабиҳои сиёсияш интиқод мешуд, имрӯз эълом кард, ки намехоҳад дар даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ ширкат кунад.

Ба гузориши ИРНА, Отамбоев гуфтааст, ки раисҷумҳурҳои Русия ва Қазоқистон аз ӯ хоста буданд, ки дар интихоботи баъдии раёсатҷумҳурии ин кишвар номзад шавад, вале ӯ ба ин дархост посухи рад додааст. Отамбоев ваъда додааст, ки интихоботи ояндаи раёсатҷумҳурии ин кишвар одилона ва шаффоф баргузор хоҳад шуд.

Соли 2017 дар Қирғизистон интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурӣ баргузор мешавад ва мунтақидону мухолифони сиёсӣ гумонзанӣ мекарданд, ки Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури феълӣ ҳатман номзади давраи баъдии риёсатҷумҳурӣ хоҳад шуд.

Алмосбек Атамбоев дар моҳҳои гузашта, ҳангоме ки барои тағйири Қонуни Асосии кишвараш бо ҳадафи тақвияти мавқеияти нахуствазир ба унвони раиси ҳукумати ояндаи ин кишвар талош мекард, бо мухолифатҳои бисёре рӯ ба рӯ шуд. Мунтақидон Отамбоевро муттаҳам карданд, ки мехоҳад бо тағйири Қонуни Асосӣ мавқеи худро барои бар курсии нахуствазирӣ нишастан муҳайё кунад. Ин дар ҳолест, ки раисҷумҳури Қирғизистон қаблан ҳам гуфта буд, бо ба итмом расидани давраи раёсатҷумҳурияш комилан аз сиёсат канор меравад ва ҳеҷ мансаби сиёсии дигареро қабул нахоҳад кард.

Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури феълии Қирғизистон соли 2011 дар интихоботи риёсатҷумҳурии ин кишвар пирӯз шуд. Давраи раёсатҷумҳурӣ дар Қирғизистон панҷ сол ва низоми сиёсии ин кишвар парлумонӣ аст.

 

Барчасп