Сафари Раҳмон ба Қирғизистон
-
Дар ҳошияи ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон бо сарони бархе аз сарони кишварҳои минтақа дидор ва гуфтугӯ хоҳанд кард
Раиси Ҷумҳӯри Тоҷикистон барои ширкат дар чаҳорумин нишасти машваратии сарони кишварҳори Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон сафар кард.
Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст дидгоҳи худро дар бораи сатҳи феълӣ ва дурнамоии густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ иброз хоҳад кард.
Дар ин нишаст дар мавриди тақвияти ҳамкориҳои 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар бахшиҳои тиҷорат, иқтисод, энергия, ҳамлу нақл бо ҳадафи тавсиаи иқтисоди миллии кишварҳо баҳс ва табодули назар хоҳанд шуд.
Ҳамчунин сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзӯъи мубориза бо терроризм ва авомили ноамнӣ, таҳаввулоти Афғонистон, бӯҳрони Украинаро барраси мекунанд.
Дар ҳошияи ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон бо сарони бархе аз сарони кишварҳои минтақа дидор ва гуфтугӯ хоҳанд кард.