Июл 21, 2022 13:36 Asia/Dushanbe
  • Юномо  аз нақзи ҳуқуқи башар ба вижа ҳуқуқи занон дар бораи таҳсил ва кор тавассути Толибон интиқод кардааст
    Юномо аз нақзи ҳуқуқи башар ба вижа ҳуқуқи занон дар бораи таҳсил ва кор тавассути Толибон интиқод кардааст

Сухангуи ҳукумати Толибон гузориши Дафтари намояндагии Созмони Миллал аз вазъияти ҳуқуқи башар дар Афғонистонро хилофи воқеъиятҳои айнии ҷомеъаи Афғонистон дониста ва онро рад кард.

Дафтари намояндагии Созмони Миллали  дар Афғонситон чаҳоршанбе дар гузорише зимни ибрози нишаронӣ аз боздошт ва қатлҳои худсаронаи шаҳрвандони афғон тавассути нерӯҳои Толибон аз нақзи ҳуқуқи башар ба вижа ҳуқуқи занон дар бораи таҳсил ва кор тавассути Толибон интиқод кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид сухангӯи давлати Толибон дар  Твиттер бо интиқод аз гузориши Юномо онро хилофи воқеъиятҳои айнии ҷомеъаи Афғонистон донист.

Муҷоҳид бо ради иттиҳомҳои боздошт ва кушторҳои худсарона дар Афғонистон гуфт: Агар касе муртакиби қатл ва иқдомоти худсарона шавад, муҷрим пиндошта мешавад ва бо бархурди шаръи мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Пеш аз ин низ Юномо аз вазъияти ҳуқуқи башар ба вижа ҳуқуқи занон дар Афғонистон ибрози нигаронӣ карда буд аммо таҳқиқоти он ҳамвора  аз сӯйи давлати Толибон рад шудааст.

Барчасп