Даргирии Толибону ДИИШ, захмӣ шудани ғайринизомиён
(last modified Sun, 24 Jul 2022 02:43:14 GMT )
Июл 24, 2022 07:43 Asia/Dushanbe
  • Даргирии Толибону ДИИШ, захмӣ шудани ғайринизомиён

Масъӯлони маҳаллӣ дар вилояти Бағлони Афғонистон аз оғози амалиёти Толибон алайҳи аносири гуруҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Пули Хумрӣ хабар медиҳанд.

Бо вуҷӯди гузашти ёздаҳ моҳ аз қудрат гирифтани дубораи Толибон дар Афғонистон ҳамчунон бархе манотиқи ин кишвар шоҳиди даргирии мухолифон ё аносири ДИИШ бо неруҳои Толибон аст .
Асадуллоҳ Мустафои Ҳошимӣ-раиси идораи иттилооту фарҳанги Бағлон ба хабаргузории Ово гуфт : Дар ҳоли ҳозир амалиёти поксозии маҳали террористҳо дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Ҳабиби шаҳри Пули Хумрӣ идома дорад. Вай дар мавриди ин амалиёт ҷузъиёти бештар ироа накард . Аммо манобеи мардумии Бағлон ба Ово гуфтанд зуҳри ( шанбе ) афроди вобаста ба ДИИШ аз як сохтимон дар пушти мақари фармондеҳии полиси Бағлон ба неруҳои Толибон шиллек карданд ва пас аз он даргирӣ миёни ду тараф оғоз шуд .
Ба гуфта манобеи маҳаллӣ афроди вобаста ба ДИИШ аз ду моҳи пеш сохтимонеро наздики мақари фармондеҳии полиси Бағлон дар шаҳри Пули Хумрӣ иҷора карда ва дар онҷо фаъолият доштанд.
Ин манобеъ таъкид мекунанд, ки минтақаи даргирӣ аз сӯи низомиёни Толибон муҳосира шуда ва гуфта мешавад афроди ДИИШ аз пой даромадаанд . Манобеъ изофа карданд, ки минтақаи даргирӣ дар миёни манозили маскунӣ буда, аз ин рӯ бар асари даргирии шадид беш аз 20 ғайринизомӣ захмӣ шуда ва ба марокизи дармонии вилоятии Пули Хумрӣ интиқол ёфтаанд