Тарҳи интиқоли оби рудхонаи Панҷшер ба Кобул ба зудӣ оғоз мешавад
Тарҳи интиқоли оби рудхонаи Панҷшер дар шарқи Кобул-пойтахти Афғонистон ба зудӣ оғоз мешавад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мулло Абдуллатифи Мансур-сарпарасти Вазорати энержӣ ва оби ҳукумати Толибон гуфт : Бо иҷрои ин тарҳ чолиши оби ошомиданӣ дар пойтахт рафъ хоҳад шуд. Мансур арзиши ин тарҳро се миллион доллар эълом кард.
Соли гузашта ва чанд рӯз қабл аз суқути Кобул ба дасти Толибон идораи миллии танзими умӯри оби ҳукумати пешин эълом кард, ки қарор аст тарҳи интиқоли об аз Панҷшер ба Кобул бо кумаки молии Банки тавсеаи Осиё ба иҷро дарояд.
Қарор буд солона 100 миллион метр мукааб об аз руди Панҷшер ба Кобул интиқол дода шавад ва аз ин об беш аз 2.2 миллион нафар дар пойтахт баҳраманд шаванд .
Дар ҳоли ҳозир Вазорати энержӣ ва оби ҳукумати Толибон мегуяд : Шаҳри Кобул ба буҳрони камобӣ наздик шуда ва сатҳи обҳои зеризаминӣ дар соли ҷорӣ то сею ним метр поин рафтааст .