Ҳамкориҳои дуҷонибаи меҳвари дидори мақомоти Узбекистону Бангладеш
Вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистону вазири бозаргонии Бангладеш густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Ҷамшед Хоҷаев-муовини нахуствазир, вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон ва Типои Муншӣ-вазири бозаргонии Бангладеш дар шаҳри Доко густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Таи ин музокирот барои абъоди аслии ҳамкориҳои дуҷониба ба хусӯс ҳамкориҳои тиҷорӣ-иқтисодӣ тавваҷуҳи хос шуд .
Таъкид шуд, ки пондамии « Ковид - 19 » бар шохисҳо таъсири манфӣ доштааст ва сайри феълии тиҷорати мутақобил бо потансиали иқтисоди ду кишвар мутобиқат надорад .
Дар ин росто тарафҳо дар мавриди анҷоми иқдомоти амалии мутақобил барои афзоиши мубодилоти бозаргонӣ бо дар назар гирифтани рафъи мавонеъи тиҷоратӣ, созмондиҳии намоишгоҳҳои мутақобил ба тавофуқ расиданд .
Бангладеш истиқлоли Узбекистонро 30 декабри соли 1991 ба расмият шинохт .