Август 04, 2022 11:33 Asia/Dushanbe
  • Бештар аз ҳама, дар нимаи аввали имсол, ҷамъияти пойтахти Қазоқистон афзоиш ёфтааст
    Бештар аз ҳама, дар нимаи аввали имсол, ҷамъияти пойтахти Қазоқистон афзоиш ёфтааст

Ҷамъияти Қазоқистон то аввали июли соли ҷорӣ ба 19 миллиону 246 ҳазор нафар расид.

Идораи омори миллии Қазоқистон эълом кард ҷамъияти ин кишвар то аввали июли  соли ҷории  мелодӣ ба 19 миллиону 246 ҳазор нафар расида ва аз ибтидои сол 124 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз форс, ҷамъияти Қазоқистон дар 6 моҳи соли ҷории мелодӣ 0.65 (123.9 ҳазор нафар) бештар шудааст.

Бештар аз ҳама, дар нимаи аввали имсол, ҷамъияти пойтахти Қазоқистон афзоиш ёфтааст. Рушди ҷамъият дар шаҳри Нурсултон 2.23 дарсад, устони Монғистоу 1.51 дарсад, Алмато 1.43 дарсад,  Шимкент 1.33 дарсад ва устони Отирау 0.84 дарсад будааст.

Ҷамъияти шаҳри Нурсултон то аввали июли имсол ба 1 миллиону 267 ҳазору 5 нафар , Алмато 2 миллиону 53 ҳазору 9 нафар ва шаҳри Шимкент 1 миллиону 127 ҳазору 3 нафар расида буд.

Дар моҳи аввали мисол рушди ҷамъият дар 12 минтақа аз байни 17 минтақа дар Қазоқистон мушоҳида шудааст. Барои аввалин бор дар ду соли ахир минтақаи Оқмула дар шумори манотиқ бо ҷамъияти рӯ ба рушд қарор гирифт. қаблан ҷамъияти ин минтақа рӯ ба коҳиш буд.

Барчасп