Нишасти олимон ва масъулон барои маросими ошуро дар вилояти Ҳарот
(last modified Thu, 04 Aug 2022 12:16:42 GMT )
Август 04, 2022 17:16 Asia/Dushanbe
  • Нишасти олимон ва масъулон барои маросими ошуро дар вилояти Ҳарот
    Нишасти олимон ва масъулон барои маросими ошуро дар вилояти Ҳарот

Нишасти олимон ва масъулони маҳалли барои баргузории ҳарчи бошукуҳтари маросими ошурои ҳусейнӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳамзамон бо фаро расидани аёми сувгвории шаҳодати ҳазрати имим Ҳусейн(а) нишаст ба ҳадафи дар пеш гирифтани тадобири лозим ҷиҳати баргузории маросими ошурои ҳусейнӣ дар шаҳри Ҳирот бо ҳузури воли, намояндаи идораи иттилоъот, намояндаи фармондеҳи полис ва ҷамъи аз олимони динӣ баргузор  шуд.

Дар ин нишаст Нураҳмади Исломҷор, воли Ҳирот аз нерӯҳои амниятӣ, раиси шӯрои олимони шиъаи Ҳирот ва мардум дархости ҳамкории бештар барои таъмини амнияти маросими ошуро шуд.

Ҳамчунин Муҳаммад Исмоил Аҳмад, раиси шӯрои олимони шиъаи Ҳирот ва дигар аъзои ин шӯро амнияти ҳоким дар вилояти Ҳирот барои ҳамкории ҳамаи дастгоҳҳо барои баргузории ҳарчи беҳтари маросими аъзодори таъкид кард.