Август 05, 2022 18:05 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши муштараки Тоҷикистону Узбакистон

Размоиши муштараки «Ҳамбастагӣ - 2022» бо ҳузури неруҳои низомиёни тоҷику ӯзбак оғоз шуд.

Ба гузориши «Форс», размоиши муштараки неруҳои низомии Тоҷикистону Узбакистон бо номи «Ҳамбастагӣ - 2022» имрӯз дар майдони омӯзиши тирандозии «Тирмиз», дар ҷануби шарқии Узбакистон оғоз шуд.

Генерал Зайнулобидин Аминов, фармондеҳи воҳидҳои минтақаи вижаи низомии ҷануби ғарби Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Узбакистон ва генерал Эгамзод Шароф Худойбердӣ, муовини фармондеҳи Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳияи ин размоиш ибрози итминон карданд, ки баргузории ин размоиши муштарак байни неруҳои мусаллаҳи ду кишвар имкони таҳкими беш аз пеши решаҳои дӯстӣ байни кишварҳоро фароҳам мекунад.

Дар поёни маросими ифтитоҳия дар майдони омӯзиши тирандозии «Тирмиз» низомиёни Узбакистон тамриноти намоишӣ баргузор карданд.

Дар чорчӯби ин тамриноти размӣ низомиёни ӯзбак ба ҳамроҳи низомиёни тоҷик равишҳои набарди наздик, тахлияи маҷруҳон ва дафъи ҳамлаи душмани фарзиро ба намоиш гузоштанд.

 

Барчасп