Август 11, 2022 13:20 Asia/Dushanbe
  • Ба гуфтаи Мирзиёев мушорикати Узбакистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври пуё дар ҳоли тавсиа аст
    Ба гуфтаи Мирзиёев мушорикати Узбакистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври пуё дар ҳоли тавсиа аст

Раиси Ҷумҳӯри Узбакистон дар нишасти коршиносони узбак аз афзоиши ҳамкориҳои иқтисодии ин кишвар бо ҳамсоягони Осиёи Марказӣ хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросн Шавкат Мирзиёев дар ин нишаст пружаҳо ва пешниҳодоти ҷадиди коршиносони узбак дар ҷиҳати густаришии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро барраси кард.

Ба гуфтаи Мирзиёев мушорикати Узбакистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври пуё дар ҳоли тавсиа аст.

Вай идома дод: Дар панҷ соли гузашта ҳаҷми тиҷорати Узбакистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ 2.5 баробар афзоиш ёфта ва аз 6 миллиард доллар фаротар рафтааст.

Ӯ  идома дод, дар Узбакистон 1.7 ҳазор бунгоҳ бо мушорикати сармояи кишварҳои ҳамсоя ифтитоҳ шудааст.

Пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев  ба унвони Раиси Ҷумҳӯри Узбакистон ҳамкориҳои иқтисодии ин кишвар бо кишварҳои осиёи маракзӣ афзоиш ёфтааст ва нигоҳи вай аловабар кишварҳои фароминтақаӣ ба кишварҳои минтақа низ мебошад.

 

Барчасп