Эътирози занони афғон дар Кобул ба амалкарди давлати Толибон дар Афғонистон
Занони Афғонисон ба амалкарди давлати Толибон ва ба манзури таҳаққуқ наёфатни ҳуқуқашон дар Кобул пойтахти ин кишвар эътироз карданд.
Гуруҳи Толибон, ки 15 августи соли 2021 дар Афғонистон ба қудрат расида аст ваъда дод дар муқоиса бо даврае, ки пеш аз ин дар солҳои 1996-2001 қудратро дар даст дошт ки ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занонро муроъот хоҳад кард, аммо бештари мардуми Афғонистон ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ муътақиданд онҳо ҳуқуқи афғонҳо ва ба вижа занонро маҳдуд карданд ва монеъи бозгушоӣ онҳо ба мадрасаҳо шуданд ва иҷоза надоданд занон дар бисёри аз шуғлҳои давлатӣ ба кор гирифта шаванд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар остонаи як солагии ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон теъдоде аз занони фаъол ва муътариз бори дигар имрӯз шанбе дар Кобул ба хиёбон омаданд, аммо бо шилики тирҳои ҳавоӣ нерӯҳои Толибон муваҷаҳ шуданд.
Ин занон дар маркази шаҳри Кобул шиъорҳои кор, занон ва омӯзиш ва адолат-адолат, хастаем аз ҷиҳолат сар доданд.
Занони афғон мегӯянд, ки дар идомаи эътирозоти қаблияшон ин бор низ дар баробари беадолатии ҷиноятҳо ва асир шудани занон аз сӯи Толибон даст ба эътироз занданд.
Гузоришҳо баёнгари он аст, ки нерӯҳои Толибон бо шилики тирҳои ҳавоӣ тазоҳуроти занонро саркуб карданд ва телефонҳои ҳамроҳи бархе аз занонро низ шикастанд.
Ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон бо таътилии мадрасаҳои духтарона ҳамро шуд, албата аксари низомиён ва кормандони зан дар идораҳо низ шуғли худро аз даст доданд.