Август 15, 2022 08:48 Asia/Dushanbe
  • Сабабҳои фирори Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон

Раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон дар остонаи солгарди аввали ба қудрат расидани Толибон сабабҳои фирор аз кишварашро шарҳ дод.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии пешини Афғонистон, ки қабл аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон гуфта буд, «омода аст ҷони худро барои кишвараш фидо кунад», 15 августи соли гузашта ҳамзамон бо вуруди нерӯҳои Толибон ба Кобул кишварро тарк кард.

Ба дунболи рафтани Ғанӣ дар буҳронитарин вазъи Афғонистон, ӯ бо интиқодҳои зиёде мувоҷеҳ шуд. Аммо бо гузашти як сол раисиҷумҳури пешин сабаби рафтанашро шарҳ дод.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон гуфтааст: "Нахостам ба Толибон ва тарафдоронаш лаззати таҳқири дубораи раиси ҷумҳурии Афғонистонро бидиҳам”.

Ғанӣ афзуд, ки дар миёни мақомоти давлатӣ ӯ охирин нафарест, ки пойтахтро тарк кардааст.

 

Барчасп