Август 15, 2022 09:06 Asia/Dushanbe
  • Рушди 63 дарсадии содирот ба Ӯзбакистон

Муовини вазири дипломатияи иқтисодии Вазорати хориҷаи Эрон аз афзоиши 63 дарсадии содирот ба Узбакистон ва ҳамчунин рушди 23 дарсадии содирот ба Қирғизистон хабар дод.

Меҳдии Сафарӣ дар нишасти Ситоди ҳамоҳангсозии равобити иқтисодии хориҷӣ дар мавзуи “Пайгирии мусавваботи муштараки иқтисодӣ бо Узбакистон ва Қирғизистон” гуфтааст, ки таъсиси намоишгоҳи колоҳои содиротӣ дар Узбакистон барои таъмин намудани маҳсулот, махсусан маснуоти бинокорӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ба АврқОсиё нақши муҳим дорад.

Сафарӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз ба натиҷа расидани мусавваботи комиссияи муштараки ҳамкорӣ бо Ӯзбакистон, пайгирии мусавваботи ин комиссия ва иҷрои дастурамалҳои пеш аз сафари раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тошкандро муҳим баршумурд.

Ӯ афзуд: Раиси ҷумҳурӣ бар баргузории комиссияҳои иқтисодӣ ва пайгирии дастовардҳои сафарҳои хориҷӣ таъкиди вижа дорад.

Муовини дипломатияи иқтисодии Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт, мусавваботи комиссияи муштараки тавсеаи ҳамкориҳо бо Қирғизистон низ пайгирӣ карда мешавад.

 

Барчасп