Ҳушдори дубораи обхезӣ дар 15 вилояти Афғонистон
(last modified Mon, 15 Aug 2022 05:57:47 GMT )
Август 15, 2022 10:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори дубораи обхезӣ дар 15 вилояти Афғонистон

Идораи ҳавошиносии Афғонистон аз эҳтимоли боридани боронҳои шадид ва обхезӣ дар 15 вилояти ин кишвар ҳушдор додааст.

Идораи ҳавошиносии Афғонистон мардуми ин кишварро аз эҳтимоли обхезии дубора дар 15 вилоят ҳушдор додааст.

Тибқи ҳушдори ин раёсат, дар вилоятҳои Нуристон, Кунар, Лағмон, Нангарҳор, Панҷшер, Каписо, Парвон, Кобул, Майдони Вардак, Лугар, Пактиё, Хуст, Пактико, Ғазнӣ ва Зобул эҳтимоли обхезӣ вуҷуд дорад.

Тибқи иттилои Идораи ҳавошиносии Афғонистон, ҳаҷми боришот аз 10 то 50 милиметр дар назар аст.

Идораи ҳавошиносии Афғонистон ҳамчунин аз эҳтимоли вазиши бодҳои шадид бо суръати аз 20 то 60 километр дар вилоятҳои Ҳирот, Фароҳ ва Нимрӯз хабар додааст.

Дар ин рӯзҳо мардуми Афғонистон вазъияти хубе надоранд ва бо буҳрони моливу иқтисодии иборат аз бист соли ишғоли артиши Амрико ва ҷанг мувоҷеҳ ҳастанд. Толибон ҳам, ки аз моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон қудратро ба даст оварда ва вориди соли якуми ҳокимияти худ шудааст, ба мардуми селзадаи Афғонистон наметавонад ба хубӣ кумакрасонӣ кунад.