Давлати Толибон бо 16 кишвар равобити расмӣ дорад
Раиси дафтари сиёсии давлати Толибони Афғонистон дар Давҳаи Қатар мегуяд,ки ин давлат бо беш аз 16 кишвар равобити расмӣ дорад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Суҳайли Шоҳин-раиси дафтари сиёсии давлати Толибон дар Давҳаи Қатари дируз сешанбе гуфт: Давлати муваққати Афғонистон ки дар ҳоли ҳозир тавассути Толибон дар Кобул ташкил шудааст, бо беш аз 16 кишвар аз ҷумла Русия равобити расмӣ дорад .
Суҳайли Шоҳин афзуд ин 16 кишвар дипломатҳои давлати Толибонро пазируфтаанд ва мо дар сатҳи амалӣ бо онҳо равобити дипломатӣ дорем ва бархе аз онҳо дар Кобул сафорати фаъол доранд .
Суханони раиси дафтари сиёсии Толибон дар бораи равобити расмӣ бо 16 кишвар аз ҷумла Русия дар шароите эълом шуда, ки чанд рӯз пеш аз он Димитрий Жирнов- сафири Русия дар Кобул бо ишора ба сафари вазири саноъату тиҷорати давлати муваққати Толибон ба Маскав гуфта буд ки Русия дар ростои манофеи миллии худ бо ҳайати ҳокимаи Афғонистон ҳамкорӣ мекунад .