Вокуниши Русия ба таҳдидҳои Трамп зидди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/daily_news-i123656-Вокуниши_Русия_ба_таҳдидҳои_Трамп_зидди_Эрон
Порс Тудей - Сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия ба дунболи таҳдидҳои Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико зидди Эрон, ба он вокуниш нишон дод.
(last modified 2025-12-31T06:29:45+00:00 )
Декабр 31, 2025 11:28 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Русия ба таҳдидҳои Трамп зидди Эрон

Порс Тудей - Сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия ба дунболи таҳдидҳои Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико зидди Эрон, ба он вокуниш нишон дод.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл ба дунболи таҳдидҳои Доналд Трамп алайҳи Эрон, гуфт: Бар ин боварем, ки худдорӣ аз иқдомоте, ки метавонад мунҷар ба ташдиди авзоъ дар Ғарби Осиё шавад, зарурӣ аст. Песков таъкид кард, бар ин боварем, ки қабл аз ҳар чизе, гуфтугӯ бо Эрон зарурӣ аст. Сухангӯи Кремл дар идома баён кард, Русия ба тавсеаи равобити муҳкамаш бо Эрон идома хоҳад дод. / ИРНА