Таҳдидҳои тозаи Трамп алайҳи Эрон; нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилали Маншури СММ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123648-Таҳдидҳои_тозаи_Трамп_алайҳи_Эрон_нақзи_ошкори_ҳуқуқи_байналмилали_Маншури_СММ
Порс Тудей – Вазири умури хориҷаи Эрон таҳдидҳои Трамп алайҳи Эронро нақзи фоҳиши ҳуқуқи байналмилал ва Маншури Милали Муттаҳид эълом кард.
(last modified 2026-01-03T07:01:12+00:00 )
Декабр 31, 2025 10:11 Asia/Dushanbe
  • Таҳдидҳои тозаи Трамп алайҳи Эрон; нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилали Маншури СММ

Порс Тудей – Вазири умури хориҷаи Эрон таҳдидҳои Трамп алайҳи Эронро нақзи фоҳиши ҳуқуқи байналмилал ва Маншури Милали Муттаҳид эълом кард.

Ба гузориши Порс Тудей, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон таҳдидҳои ахири раисиҷумҳури Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро нақзи фоҳиши ҳуқуқи байналмилал ва Маншури Милали Муттаҳид тавсиф кард ва хостори маҳкумияти сареҳ ва қотеи ин изҳороти таҳрикомез аз сӯи ҳамагон шуд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи душанбе 29 декабр дар ҷараёни дидор бо Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Флорида забон ба изҳороти хасмона ва таҳдидомез алайҳи Эрон кушуд. Ӯ дар иддаое алайҳи Эрон унвон кард: «Шунидаам, ки Эрон дар талош аст то (қобилиятҳои ҳастаӣ)-и худро бозсозӣ кунад ва агар ин корро анҷом диҳад, мо онро нобуд хоҳем кард. Албатта умедворам ин иттифоқ рух надиҳад.» Трамп дар посух ба инки оё ба Нетаняҳу иҷоза медиҳад дубора ба Эрон ҳамла кунад, гуфт: «Барои мушакҳои баллистик, бале. Барои силоҳи ҳастаӣ, сареъ!»

Ироқчӣ дар номае хитоб ба вазирони умури хориҷаи кишварҳо бо ишора ба изҳороти раисҷумҳури Амрико дар таърихи 29 декабри 2025, тасреҳ кард таҳдид ба истифода аз зӯр алайҳи Эрон, нақзи ошкори Маншури Милали Муттаҳид аст, ки ҳаргуна таҳдид ё тавассул ба зӯр алайҳи тамомияти арзӣ ва ҳокимияти миллии давлатҳоро манъ кардааст.

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ёдоварии ҳаҷмаи низомии муштараки Иёлоти Муттаҳида ва режими саҳюнистӣ алайҳи Эрон дар июни 2025, таъкид кард, ки таҳдидҳои ахир баёнгари сӯинияти ошкори Амрико дар ростои тадовими як раванди ғайриқонунӣ ва таҷовузкорона аст, ки оқибат ва паёмадҳои он бар уҳдаи Амрико хоҳад буд.

Ироқчӣ ҳамчунин бо ишора ба эътирофи расмии раисҷумҳури Амрико ба нақши мустақими ин кишвар дар ҳамлаҳои июни 2025 алайҳи шаҳрвандони эронӣ, зерсохтҳои ҳаётӣ ва таъсисоти ҳастаии сулҳомези Эрон, хотирнишон кард, ки чунин иқдомоте мисдоқи боризи нақзи фоҳиши ҳуқуқи байналмилал буда ва мусталзими масъулияти кайфарии фардии мақомоти зирабти амрикоӣ аст.

Вай дар бахши дигаре аз ин нома, таҳдиди як кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид аз сӯи раисҷумҳури Амрико дар ҳимоят аз режими саҳюнистиро нишонае аз стандарти дугона ва тазъифи ҷиддии режими манъи ишоа донист ва таъкид кард, ки ҳимояти бе қайду шарти Амрико аз ин режим ба унвони танҳо дорандаи силоҳи ҳастаӣ дар ғарби Осиё, амнияти минтақавӣ ва байналмилалиро ба таври ҷиддӣ ба хатар андохтааст.

Вазири умури хориҷа бо ҳушдор нисбат ба паёмадҳои хатарноки сукут баробари чунин таҳдидҳо ва иқдомоти ғайриқонунӣ, таъкид кард, ки эҷоди фазои масуният аз муҷозот, Амрико ва режими Исроилро дар идомаи рафторҳои таҷовузкорона ҷасуртар карда ва таҳдиде мустақим алайҳи сулҳ ва амнияти ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ароқчӣ дар поён зимни таъкид бар ҳаққи зотӣ ва ғайриқобили инкори Ҷумҳурии Исломии Эрон барои дифои машрӯъ мутобиқ бо моддаи 51 Маншури Милали Муттаҳид, тасреҳ кард Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посухи қотеъ ва пушаймонкунанда ба ҳаргуна тааррузе тардид нахоҳад кард.

Таҳдидҳои ахири Доналд Трамп алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро метавон аз манзари ҳуқуқи байналмилал ва Маншури Милали Муттаҳид ба унвони нақзи ошкор ва ҷиддӣ арзёбӣ кард. Маншури Милали Муттаҳид, ки пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба унвони сутуни аслии назми байналмилалӣ тадвин шуд, дар моддаи 2 банди 4 ба сароҳат ҳаргуна таҳдид ё истифода аз зӯр алайҳи тамомияти арзӣ ва истиқлоли сиёсии кишварҳоро мамнӯъ кардааст. Ин асл на танҳо як қоидаи қарордодӣ, балки ба унвони урфи байналмилалӣ низ пазируфта шуда ва нақзи он ба маънои зери по гузоштани яке аз бунёдитарин усули ҳуқуқи байналмилал аст.

Таҳдидҳои Трамп мабнӣ бар ҳамлаи низомӣ ба Эрон дар сурати идомаи барномаҳои мушакӣ ё ҳастаӣ, мисдоқи равшани таҳдид ба зӯр аст. Чунин изҳороте на дар чорчӯби дифои машрӯъ қобили тавҷеҳ аст ва на Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид муҷаввизе барои иқдоми низомӣ содир кардааст. Дифои машрӯъ тибқи моддаи 51 Маншур танҳо замоне муҷоз аст, ки кишваре мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирад. Дар ҳоле ки ҳеҷ ҳамлае аз сӯи Эрон алайҳи Иёлоти Муттаҳида рух надода ва бинобарин истинод ба дифои машрӯъ беасос аст.

Илова бар ин, таҳдидҳои Трамп дар идомаи раванди ғайриқонунӣ ва таҷовузкорона қарор мегирад, ки пештар дар ҳамлаҳои муштараки Амрико ва режими Исроил алайҳи Эрон дар июни 2025 мушоҳида шуд. Ин ҳамлаҳо ба зерсохтҳои ҳаётӣ ва таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эрон сурат гирифт ва худ нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилал ва усули инсонӣ буд. Эътирофи расмии раисҷумҳури Амрико ба нақши мустақими кишвараш дар ин ҳамлаҳо, масъулияти кайфарии фардии мақомоти амрикоиро низ матраҳ мекунад.

Аз манзари ҳуқуқи байналмилал, таҳдидҳои Трамп на танҳо амнияти Эрон, балки амнияти минтақа ва ҷаҳонро низ ба хатар меандозад. Маншури Милали Муттаҳид бар ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ таъкид дорад ва ҳаргуна иқдом ё таҳдиде, ки муҷиби ташдиди танишҳо шавад, муғойир бо аҳдофи ин созмон аст. Чунин таҳдидҳое метавонад ба эҷоди равияи хатарнок дар равобити байналмилал мунҷар шавад, ки дар он қудратҳои бузург бидуни таваҷҷуҳ ба қавоиди ҳуқуқӣ, аз зӯр ё таҳдид ба зӯр барои пешбурди аҳдофи сиёсии худ истифода кунанд.

 

Вокуниши Эрон ва бисёре аз ҳуқуқдонони байналмилалӣ низ бар ҳамин мабно устувор аст. Мақомоти эронӣ дар номаҳое ба Шӯрои Амният ва дабири кулли Созмони Милал, ин таҳдидҳоро нақзи фоҳиши Маншур дониста ва хостори маҳкумияти сареҳи он шудаанд. Коршиносони ҳуқуқи байналмилал низ таъкид кардаанд, ки ҳеҷ як аз тавҷеҳоти матраҳшуда аз сӯи Амрико, аз ҷумла иддаои пешгирӣ ё дифои пешдастона, дар чорчӯби ҳуқуқи байналмилал пазируфта нест ва чунин иқдомоте фоқиди машрӯияти қонунӣ аст.

Дар ниҳоят бояд гуфт, таҳдидҳои Трамп алайҳи Эрон намунаи боризи сиёсати якҷонибагароӣ ва беэътиноӣ ба қавоиди байналмилалӣ аст. Ин таҳдидҳо на танҳо нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилал ва Маншури Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад, балки эътибор ва коромадии низоми байналмилалиро низ зери суол мебарад. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баробари чунин рафторҳое вокуниши қотеъ нишон надиҳад, хатари тазъифи усули бунёдини ҳуқуқи байналмилал ва густариши бесуботӣ дар равобити байналмилал беш аз пеш афзоиш хоҳад ёфт.