Бозсозии мадрасаҳо дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон
(last modified Sun, 21 Aug 2022 06:22:44 GMT )
Август 21, 2022 11:22 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии мадрасаҳо дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон

Масъӯлони маҳаллӣ дар вилояти Ҷузҷони Афғонистон аз бозсозии мадрасаҳо дар ин вилоят хабар медиҳанд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ,даҳҳо мадрасаи осебдида дар шаҳристонҳои вилояти Ҷузҷон бо кумаки молии " ЮНИСЕФ " дар ҳоли бозсозӣ аст .
Бар асоси гуфтаҳои масъӯлони ин вилоят  барои бозсозии ҳар мадраса 3000 доллар ихтисос дода шудааст.
Дар солҳои гузашта бо вуҷуди сарозер шудани пулҳои ҳангуфт аз сӯи ҷомеъаи ҷаҳонӣ, аммо бисёре аз мадрасаҳо дар Афғонистон ё нимакора монда ва ё бозсозӣ надоштаанд ва ба ҳамин далел донишомӯзон дар фазои боз дарс мехонданд.