18 куштаву захми дар сели вилояти Лағмони Афғонистон
Ҷори шудани сел дар вилояти Лағмон дар шарқи Афғонистон 18 кушта ва захми бар ҷоӣ гузошт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, қори Зайналубуддин волии Толибон дар Лағмон рӯзи якшанбе гуфт: Бар асари ҷорӣ шудани сел дар шаҳристони Аляшанг як кудак ва ду зан кушта ва 15 нафари дигар захми шуданд вай афзуд: Дар ин сел 250 хонаи истиқомати низ ба таври комил ё нисби вайрон шуд.
Ҷори шудани сел дар вилояти Майдонвардак низ 30 хонаро вайрон кард, ҳамчунин салоб дар ноҳияи ҳафтуми шаҳри Ҷалолобод маркази вилояти Нангҳор, ҷодаи Кобул-Ҷалолободро вайрон кард.
Дар як ҳафтаи гузашта дасти кам 31 нафар бар асари гирифтор шудан дар сел дар вилоятҳои шарқии Нангҳор, Нуристон ва Лағмон ҷони худро аз даст доданд.