Декабр 03, 2016 21:53 Asia/Dushanbe
  • Нахустин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон баъд аз марги Каримов

Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон фардо якшанбе дар саросари ин кишвар баргузор мешавад.

Ин нахустин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон аст, ки пас аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури фақиди ин кишвар баргузор хоҳад шуд.

Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон барои касоне, ки дар рӯзи раъйгирӣ имкони ҳузур дар пои сандуқҳои раъйро надоранд, интихоботи пеш аз мавъид баргузор кард.

Манобеи хабарӣ аз Тошканд ба нақл аз Мирзоулуғбек Абдулсаломов, раиси Ситоди марказии интихоботи Узбакистон гузориш додаанд, ки дар рӯзи нахусти раъйгирии пеш аз мавъиди интихоботи раёсатҷумҳурӣ, панҷ ҳазору 964 нафар воҷиди шароит бо ҳузур дар ҳавзаҳои ахзи раъй ба номзади мунтахаби худ раъй доданд.

Барои баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон 9 ҳазору 381 ҳавзаи интихоботӣ аз ҷумла 44 ҳавзаи интихоботӣ дар намояндагиҳои ҷумҳурии Узбакистон дар кишварҳои хориҷӣ таъин шудааст, ки дар онҳо 21 миллиону 435 ҳазор нафар воҷиди шароит ба номзади мунтахаби худ раъй медиҳанд.

Дар ин интихобот 4 тан бо асомии Наримон Умаров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ мавсум ба Адолат, Ҳотамҷон Китмонов, аз Ҳизби демократии халқ, Шавкат Мирзоев, аз Ҳизби либерал-демократ ва Сарвар Отамуродов, аз Ҳизби демократии мавсум ба Миллий Тикланиш номзад шудаанд. Бино бар пешбиниҳои анҷомшуда тавассути маҳофили сиёсии дохилӣ ва минтақа Шавкат Мирзоев, ки дар ҳоли ҳозир симмати раёсатҷумҳури муваққати Узбакистонро ба уҳда дорад, бахти мусаллами эҳрози курсии раёсатҷумҳурӣ аст.

Аз ҷумлаи нукоти қобили таваҷҷуҳ дар ин интихобот, ҳузур ва назорати ҳайъате аз Тоҷикистон аст. Тоҷикистон, ки пеш аз ин аз ҷумлаи муҳимтарин кишварҳои мутахосими Узбакистон дар минтақа номбурда мешуд, акнун илова бар ҳалли зоҳирии бархе мушкилоти марзӣ ва обӣ, ба унвони нозир ба ин интихобот даъват шудааст. Шакке нест, ки ҳалли ихтилофҳои Узбакистон бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя метавонад Узбакистони ҷадидеро дар минтақа ба зуҳур бирасонад.

Узбакистон пурҷамъияттарин кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Дар сурати ҳамкорӣ бо соири ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Узбакистон метавонад ба як вазнаи таъсиргузор дар ин минтақа табдил шавад. Узбакистон ба далели бархурдорӣ аз манобеи гази табиӣ ва содирот ба ҷумҳуриҳои ҳамҷавор, аз мавқеияти иқтисодии хубе дар минтақа бархурдор аст. Ба ҳамин далел аст, ки мақомҳои ин кишвар беш аз бархе аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ назири Қирғизистон, эҳсоси истиқлол мекунанд. Бо вуҷуди ин, аз лиҳози таъмини ниёзҳои хурокӣ ва масрафӣ, Узбакистон низ монанди соири ҷумҳуриҳои мавсум ба блоки шарқи собиқ ба шиддат ба иқтисоди Русия вобастааст. Узбакистон ба ҳамроҳи чаҳор ҷумҳурии дигари Осиёи Марказӣ ва ҷумҳурии Озарбойҷон ва Афғонистон, аъзои ҷадиди Созмони ҳамкории иқтисодии Эхо маҳсуб мешаванд. Созмоне, ки тавассути ҷумҳурии исломии Эрон, Туркия ва Покистон дар соли 1985 тағйири ном дод ва фазаи ҷадиди фаъолиятҳои худро оғоз кард. Эхо пеш аз ин дар соли 1964 тавассути се кишвари ёдшуда таъсис шуда буд, аммо бо истиқлоли ҷумҳуриҳои ҷадид, бо тағйири ном аз RCD ба Эхо ва тағйири раванди фаъолиятҳои худ тавонист ба як созмони муҳими иқтисодӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон табдил шавад. Бадеҳист, ки барои Узбакистон фаъолият дар чорчуби созмони Эхо метавонад аҳаммияти ин кишвари мусалмонро дар минтақа афзоиш диҳад.