Декабр 04, 2016 10:59 Asia/Dushanbe
  • Оғози интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Узбакистон

Интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон дар ин кишвар оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тренд, шӯъби ахзи раъй интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон, соати 6 сӯбҳи рӯзи якшанбе ба вақти маҳаллӣ дар саросари ин кишвар оғоз ба кор карданд.

Дар ин интихобот, 9 ҳазору 383 ҳавзаи интихоботӣ аз ҷумла  44 ҳавзаи интихоботӣ дар намояндагиҳои Узбакистон дар кишварҳои хориҷӣ, вазифаи ҷамъоварии орои шаҳрвандони ин кишварро бар ӯҳда доранд.

Шӯъбаҳои раъйгирии интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон, то соати 20 омодаи пазириши раъдиҳандагони ин кишвар хоҳанд буд.

Дар ин интихобот, 21 миллиону 435 ҳазор нафар дорои шароит раъй ҳастанд, ки ба номзади мунтахаби худ раъй диҳанд.

Дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон, 4 тан бо номҳои  Наримон Умаров - аз Ҳизби сотсиал-демократ, Ҳотамҷон Кетмонов - намояндаи Ҳизби халқии демократӣ, Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Узбакистон ва намояндаи Ҳизби либерал-демократ ва Сарвар Отамуродов – намояндаи Ҳизби эҳёи миллӣ номзад шудаанд.

Ин нахустин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Узбакистон аст, ки пас аз дар гузашти Ислом Каримов, раисиҷумҳури собиқи ин кишвар дар моҳи сентябр, баргузор мешавад.

 

Барчасп