Қарзи 45 миллион евраӣ Олмон ба бахши беҳдоштии Узбакистон
(last modified Thu, 25 Aug 2022 11:58:47 GMT )
Август 25, 2022 16:58 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 45 миллион евраӣ Олмон ба бахши беҳдоштии Узбакистон
    Қарзи 45 миллион евраӣ Олмон ба бахши беҳдоштии Узбакистон

Бонки Рушди Олмон барои тавсияи бахши беҳдоштии Узбакистон 45 миллион евра қарз ва муъодили 5 миллиону 500 ҳазор евра кумаки ройгон ихтисос медиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сомонаи бонки Рушди Олмон мақолаеро таҳти унвони беҳбуди саломати аз тариқи ислоҳоти диҷитоли, диҷитолсозии бахши беҳдоштии Узбакистон мунташир кард.

Дар ин мақола таъкид шуда аст, ки бонки давлатии Узбакисон бо Вазорати беҳдошти Узбакистон қарордодеро дар мавриди ихтисос додани муъодили 45 миллион евра ва муъодили 5 миллиону 50 ҳазор евра кумаки ройгон имзо кард.

Дар ин мақола омдааст ҳадаф аз ихтисоси ин кумаки моллӣ ҳимоят аз ислоҳоти диҷитоли барои афзоиши кайфият ва короӣ хадамоти пизишки барои мардуми Узбакисон аст. Ин кумак шомили иқдомоти монанди омӯзиши фановариҳои иттилоърасони ба пизишкон ва парвандаи электроникии беморон аст, ки ташхис ва дармонро суръат мебахшад. Диҷитоли шудани кулли пойгоҳи додаҳо ҳамчунин имкони беҳбуди хадамоти фанниро фароҳам мекунад.

Мубодилоти бозаргонии Узбакистон ва Олмон дар соли 2021 мелодӣ 762 миллион доллар буд.