Август 28, 2022 15:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Толибон дар бораи парвози паҳподҳои амрикоӣ

Толибон гаштзании ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин (паҳпод)и- Амрико дар ҳарими ҳавоии Афғонистонро иқдоме таҷовузкорона хонд ва дар бораи паёмадҳои он ҳушдор дод.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфт, ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико ҳамчунон дар ҳарими ҳавоии Афғонистон гаштзанӣ мекунанд ва бояд ба ин кор поён диҳанд, мо ин корашонро таҷовуз мехонем ва бояд мутаваққиф шавад.

Муҷоҳид таъкид кард, ки Амрико ва дунё бояд ба ҳуқуқи афғонон эҳтиром бигузоранд.

Вай афзуд, гаштзании ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини амрикоӣ дар осмони Афғонистон хилофи муоҳидаи Чикаго ва дигар конвенсияҳои ҷаҳонӣ аст ва дар айни ҳол нақзи ошкори ҳарими ҳавоии Афғонистон низ аст.

Идомаи гаштзании ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар осмони Афғонистон дар ҳоле ҳамчунон идома дорад, ки ин кишвар дар ёздаҳуми мурдод бидуни огоҳӣ ва ё ҳамоҳангӣ бо ҳукумати Афғонистон як манзили маскунии холӣ аз сокинонро дар минтақаи Шерпури Кобул бо ҳавопаймои бидуни сарнишин ҳадаф қарор дод ва баъд аз он Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико иддаои кушта шудани раҳбари Алқоида дар ин ҳамларо матраҳ кард.

 

Барчасп