Август 28, 2022 17:58 Asia/Dushanbe
  • Мақоми узбек: Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Узбекистон сафар мекунад

Ҳамоҳангкунандаи миллии Узбекистон дар умӯри Созмони Ҳамкории Шанхай гуфт, Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчуби нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай ба Узбекистон сафар мекунад.

Нишасти Шӯрои раисони ҷумҳӯрии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар таърихи 15 ва 16 сентябри оянда дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.

Ба гузориши Форс, Раҳматулло Нуримбетов, ҳамоҳангкунандаи миллии Узбекистон дар умӯри Созмони Ҳамкории Шанхай имрӯз (якшанбе) дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканд гуфт, барномарезӣ мешавад дар чорчӯби нишаст дар шаҳри Самарқанд ёддошти тааҳҳудоти Ҷумҳурии исломии Эрон имзо шавад, ки роҳро барои узвияти комили ин кишвар дар Созмони Ҳамкории Шанхай мекушояд.

Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар таърихи 15 июни соли 2001 дар Шанхайи Чин аз сӯи Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон таъсис шудааст.

 

Барчасп