Афғонистон - меҳвари дидори мақомоти Узбакистону Амрико
(last modified Wed, 31 Aug 2022 11:50:20 GMT )
Август 31, 2022 16:50 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Узбакистон ва Амрико
    Дидори мақомоти Узбакистон ва Амрико

Намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар умури Афғонистон ва сафири Амрико дар Тошканд дар дидор бо якдигар авзои Афғонистонро баррасӣ карданд.

Исматуллоҳ Эргашев, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Узбакистон дар умури Афғонистон ва Дэниел Розенблюм, сафири Амрико дар Узбакистон, ки маъмурияти худро дар ин кишвар ба поён расонидаанд, дар дидор бо якдигар дар Тошканд чигунагӣ ва чашмандози равобит байни ду кишвар дар масири Афғонистонро баррасӣ карданд.

Узбакистон дар рӯзҳои 25 ва 26 июли соли 2022 мизбони нишасти байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон будааст.

Ҳамакнун гуруҳи Толибон қудратро дар Афғонистон ба даст дорад ва паҳподҳои Амрико ҳамвора бо нақзи ҳарими ҳавоии ин кишвар аҳдоферо дар Афғонистон ҳадаф қарор медиҳанд.