Август 31, 2022 21:25 Asia/Dushanbe
  • Дархости такрории Толибон дар пас додани  ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ва Ӯзбакистон
    Дархости такрории Толибон дар пас додани ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ва Ӯзбакистон

Сарпарасти Вазорати дифои давлати Толибони Афғонистон бори дигар аз кишварҳои Тоҷикистону Узбакистон хост, болгардҳо ва ҳавопаймоҳои низомии давлати собиқи Афғонистонро ба ин кишвар бозгардонанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Муҳаммадяъқуби Муҷоҳид, сарпарасти Вазорати дифои давлати Толибони Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти хабарӣ дар Кобул бори дигар аз Тоҷикистону Узбакистон хост то болгардҳо ва ҳавопаймоҳои низомии Афғонистонро, ки пас аз суқути давлати собиқ ба ин кишварҳо мунтақил шуда буданд, бозгардонанд.

Вай таъкид кард, ин болгардҳо мутааллиқ ба Афғонистон будаву талош барои бозгардондани онҳо ба ин кишвар идома дорад.

Ин мақоми Толибон афзуд, кишварҳои Тоҷикистон ва Узбакистон мегӯянд, масъала ин аст, ки амрикоиҳо намегузоранд ин болгардҳоро ба Афғонистон баргардонем, аммо мо бо амрикоиҳо суҳбат кардем ва гуфтем ки ин моли мардуми Афғонистон аст ва бояд бозгардонида шавад.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ Ҷон Марк Поммершейм, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфта буд, кишвараши ҳеҷ барномае барои таҳвили ин амвол ба Толибонро надорад, зеро ин таҷҳизот ба Толибон тааллуқ надоранд.

Фаҳими Куҳдоманӣ, дипломати собиқи Афғонистон бар ин назар аст ки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон таҳти ҳеч шароите наметавонанд ин ҳавпаймоҳоро ба Толибон таҳвил диҳанд, зеро ҳеч тазмини байналмилалӣ дода нашудааст.

 

Барчасп