Инфиҷор дар масҷиди ҷомеъи Ҳироти Афғонистон
Дар инфиҷори масҷиди ҷомеъи Ҳироти Афғонистон, ки ДИИШ масъулияти онро бар ӯҳда гирифт, даҳҳо тан кушта ва захмӣ шуданд.
Ба гузориши хабаргузории Садои Афғон (Ово), манобеи амниятӣ дар Ҳирот таъйид карданд, дар инфиҷори имрӯз (ҷумъа) муқобили вурӯдии масҷиди ҷомеъи Гузаргоҳ дар Ҳирот, илова бар шуморе аз намозгузорон, Мавлавӣ Муҷибурраҳмон Ансорӣ, хатиби масҷид ба ҳамроҳи сездаҳ муҳофизаш кушта шудааст.
Бар асоси баёнияи мунташир шуда аз сӯи мақомоти амниятии Ҳирот, ин инфиҷор, ки ДИИШ масъклияти онро бар ӯҳда гирифт, ҳамзамон бо баргузории намози ҷумъа рух додааст.
Бархе манобеи хабарӣ дар Афғонистон, теъдоди захмӣ ва кушташудагонро беш аз 100 нафар эълом кардаанд.
Гуфта мешавад, Мулло Бародар, муовини иқтисодии нахуствазири давлати муваққати Толибон, пеш аз инфиҷор дар масҷид ҳузур дошта, аммо аз сарнавишти вай ҳанӯз хабаре дар даст нест.