Сентябр 06, 2022 15:24 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъӯлияти ҳамлаи наздики сафорати Русия дар Кобулро бар ӯҳда гирифт
    ДИИШ масъӯлияти ҳамлаи наздики сафорати Русия дар Кобулро бар ӯҳда гирифт

Гуруҳи террористии ДИИШ масъӯлияти ҳамлаи наздики вурӯдии сафорати Русия дар Кобулро бар ӯҳда гирифт .

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, гуруҳи террористии ДИИШ дар телеграм эълом кард масъӯлияти ҳамлаи наздики сафорати Русия дар Кобулро бар ӯҳда мегирад .
 Мақомоти афғон ва Вазорати умӯри хориҷаи Русия гуфтанд ду тан аз коркунони сафорати Русия дар Кобул аз ҷумлаи кушташудаҳое буданд, ки бар асари иқдоми бомбгузори маргталаб ба мунфаҷир кардани худ наздики ин сафорат ҷон бохтанд .
Дар паи ҳамлаи интиҳорӣ(маргталабона) дар муқобили сафорати Рӯсия дар Кобул, Вазорати умӯри хориҷаи Толибон аз гуфтугӯи телефонии Амирхон Муттақӣ- сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи давлати Толибон дар Афғонистон бо Сергей Лавров- вазири умӯри хориҷаи Русия хабар дод . Вазорати умӯри хориҷаи давлати Толибон эълом кард : Муттақӣ дар бораи таъмини амнияти сафорати Русия ва тавваҷуҳи вижа ба он ба Лавров итминон додааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп