Фирори сарконсули Афғонистон дар Истанбули Туркия
(last modified Mon, 12 Sep 2022 08:53:57 GMT )
Сентябр 12, 2022 13:53 Asia/Dushanbe
  • фирори домоди Солеҳ
    фирори домоди Солеҳ

Пас аз интишори гузоришҳо мабнӣ бар фирори сарконсули ҳукумати пешини Афғонистон дар Истанбули Туркия, Вазорати хориҷаи ҳукумати Толибон шахси дигареро ҷойгузини вай кард.

Пеш аз ин манобеи хабарӣ аз фирори Забеҳуллоҳи Ҳусайнхел, домоди Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳури фирории Афғонистон, ки масъулияти сарконсулии Афғонистон дар Истанбулро бар уҳда дошт, хабар дода буданд.

Пас аз фирори Забеҳуллоҳи Ҳусайнхел, Амирхони Муттақӣ, вазири хориҷаи Толибон, Абдуллоҳ Солеҳӣ аз кормандони консулгарии Афғонистон дар Истанбули Туркияро ба унвони сарконсули ҷадиди ин намояндагӣ таъйин кардааст.

Ҳамчунин бархе хабаргузориҳо ба нақл аз кормандони консулгарии Афғонистон дар Туркия хабар медиҳанд, ки Забеҳуллоҳи Ҳусайнхел, сарконсули собиқ бо пулҳои ин намояндагӣ ба Австралия гурехтааст.

Гуфта мешавад, ки вай садҳо ҳазор доллар аз ин консулгарӣ дуздӣ карда, аммо сафорати Афғонистон дар Туркия ба сурати расмӣ ва шахси Ҳусайнхел то кунун дар ин хусус чизе нагуфтаанд.