Сентябр 15, 2022 18:20 Asia/Dushanbe
  • Овозаи сӯиқасд ба ҷони Путин дар остонаи иҷлоси Шанхай
    Овозаи сӯиқасд ба ҷони Путин дар остонаи иҷлоси Шанхай

Бархе гузоришҳо аз амалиёти терори номувафақ зидди раиси Ҷумҳурии Русия дар остонаи иҷлоси Шанхай хабар доданд.

Бархи аз гузоришҳои тайид нашуда аз амалиёти терори номувафақ зидди раиси Ҷумҳурии Русия хабар доданд, канали телеграмии Си Ви Ор, ки мавозеи зидди давлати Русия ва раиси Ҷумҳурии ин кишварро иттихоз мекунад дар гузорише иддао кард, ки бомбгузори зидди раиси Ҷумҳурии русия анҷом шуд ҳарчанд ин амалиёт номувафақ буда аст.

Бар асоси ончи Дили Астар, гузориш медиҳад бархе аз муҳофизони Путин пас аз он руйдод нопадид шуданд ва ин маъала шубҳаи қавиро дар маврили эҳтимоли террори мошине, ки раиси Ҷумҳурии Руси дар он сафар кард эҷод мекунад.

Манобеъи тайиднашуда хотирнишон карданд, ки инфиҷори муҳкам аз пушти лимузине, ки Путин дар он ҳаракат мекард рух дода аст ва гумон меравад ин як ҳамла бо бомб буда аст ҳамин манобеъ таъкид мекунанд, ки билофосила пас аз ин итифоқ бархе аз муҳофизони Путин барканор ва боздошт шуданд.

Дар ҳамин ҳол бар асоси гузориши канали телеграмии Си Ви Ор, Владимир Соловаев, масъули таблиғоти Путин бо буридагиҳо ва камбудиҳои аҷиб дар руяш дар барномаи телевизионии худ зоҳир шуд ҳар чанд у аз тавзеҳ дар бораи буридагиҳо ва камбудиҳои руяш худдори кард

Ҳануз кохи раёсат Ҷумҳурии Русия ба ин мавзуъ ва хабарҳо пайромуни ин моҷаро вокуниш нишон надода аст.