Сентябр 16, 2022 20:18 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистон ба сарҳад, нерӯҳои иловагӣ интиқол медиҳад

“тарафи Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии низомиро аз маркази ноҳияи Боткени ҶҚ ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дода истодааст”.

Ҳамчунин, дар изҳорот Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз он нигаронӣ карда мешавад, ки “ҷониби Қирғизистон бо истифода аз чархлболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарниши зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншоотҳои мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор дода истодааст”.
Ёдовар мешавем, ки ин изҳороти панҷуми Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ аст, ки давоми рӯз нашр мешавад.
 Қаблан низ ин ниҳод вобаста ба вазъи сарҳад чор маротиба изҳорот пахш кард.

Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз нисфирӯзӣ президентҳои ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай, дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мулоқот карда, дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мусаллаҳона ба мувофиқа расиданд ва ба ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ дастур доданд, ки фаъолияти он, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, фаъол гардонида шавад.

Қабл аз он, роҳбарони КДАМ-и ду давлат Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев низ мулоқот ва барои эълони оташбас мувофиқа карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, якбора дар чанд минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон даргирии нав рух дод ва то ҳол дар хусуси кушташудаҳо ва захмиён маълумоти дақиқ ироа нашудааст.