Толибон хостори музокираи Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли мушкилоти марзӣ шуд
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i91516-Толибон_хостори_музокираи_Тоҷикистону_Қирғизистон_барои_ҳалли_мушкилоти_марзӣ_шуд
Толибон даргирӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро барои амнияти минтақа манфӣ хонд ва дархост кард, тарафайн мушкилоти марзиро аз роҳи музокираву тафоҳум ҳал кунанд.
(last modified 2025-09-23T13:17:57+00:00 )
Сентябр 19, 2022 13:22 Asia/Dushanbe
  • Толибон аз Тоҷикистону Қирғизистон хост сулҳ кунанд
    Толибон аз Тоҷикистону Қирғизистон хост сулҳ кунанд

Толибон даргирӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистонро барои амнияти минтақа манфӣ хонд ва дархост кард, тарафайн мушкилоти марзиро аз роҳи музокираву тафоҳум ҳал кунанд.

Ба гузориши “Форс”, Вазорати хориҷаи давлати муваққати Толибон дар баёнияе хостори ҳалли мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз тариқи музокира шуд.

Абдулқаҳори Балхӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон дар риштаи твитте навишт: “Вазорати умури хориҷаи Имороти исломӣ даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро мояи нигаронӣ дониста ва ин даргириҳо боис ба эҷоди мушкилот ба ғайринизомиёни ду тараф низ шудааст ва ба вижа дар Қирғизистон ҳазорон ғайринизомӣ маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуда, ки мояи таассуф аст”

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Толибон идома дод: “Иморати исломӣ аз ду тараф мехоҳад, ки мушкилоти марзиро аз роҳи музокироту тафоҳум ҳал кунанд. Идомаи даргириҳо метавонад рӯйи амнияту суботи минтақа таъсири манфӣ гузорад”

Даргириҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи панҷшанбе шуруъ шуд ва аз ҳар ду тараф теъдоде куштаву захмӣ бар ҷой гузошт ва хисороти қобили тавваҷуҳи моддӣ низ дар пай доштааст.