Толибон: Ҳукумати пешин даҳҳо миллиард афғонӣ ихтилос кардааст
(last modified Wed, 21 Sep 2022 05:59:34 GMT )
Сентябр 21, 2022 10:59 Asia/Dushanbe
  • Толибон: Ҳукумати пешин даҳҳо миллиард афғонӣ ихтилос кардааст

Муъовини раиси кобинаи ҳукумати Толибон мегуяд: Дар давлати пешин даҳҳо миллиард доллар ихтилос шудааст.

Абдусалом Ҳанафӣ, муъовини раиси давлати Афғонистон дар нишасти ҳимоят аз саноатгарон ва тавлидкунандагон дар Кобул бо баёни инки сарони Толибон монанди мақомҳои пешини ҳукумат нестанд, ки зургирии амволи шаҳрвандонро ғасб кунад гуфт: Мақомҳои пешини низоми ҷумҳурият беш аз 60 миллиард афғонӣ ихтилос карданд.

Ҳанафӣ афзуд: Дар ҳукумати гузашта 70 дарсад буҷети миллӣ аз сӯи хориҷиҳо таъмин мешуд ва танҳо 30 дарсад аз молиёти дохилӣ буд, аммо акнун пардохти тамомии ҳуқуқи кормандони давлатӣ аз даромади дохилии кишвар сурат мегирад ва тамоми пулҳои дарёфтии шаҳрвандон аз тариқи молиёт барои пешрафти кишвар ба масраф мерасад.

Муъовини раиси кобинаи Толибон гуфт: Бо пардохти молиёт мо метавонем бедуни кумаки кишварҳои хориҷӣ Афғонистонро ба худкафоӣ бирасонем ва ҳамаи ниёзҳои худро бартараф бисозем.

Ин дар ҳоле аст, ки барои аввалин бор дар 20 соли гузашта буҷети миллӣ аз даромади дохилии Афғонистон тавассути ҳукумати Толибон тадвин шудааст.