Суханронии раисиҷумҳурии Қирғизистон дар СММ
(last modified Wed, 21 Sep 2022 08:47:39 GMT )
Сентябр 21, 2022 13:47 Asia/Dushanbe
  • Суханронии раисиҷумҳурии Қирғизистон дар СММ

Раисиҷумҳурии Қирғизистон рӯзи сешанбе дар пайи даргириҳои ахир дар марзҳои муштарак бо Тоҷикистон, дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, хостори баргузории музокирот бо ин кишвари ҳамсоя дар минтақаи Осиёи Миёна шуд.

Содир Ҷабборов афзуд, ки омодаи музокира бо Тоҷикистон то ҳар замон барои ҳаллу фасли ихтилофоти  марзӣ аст. Нерӯҳои низомии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 14 сентябр дар манотиқи марзӣ даргир шуданд. Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов, раисони ду кишвар дар 16 сентябр, бо оташбасу ҳалли муноқиша аз тариқи дипломасӣ мувофиқат карданд. Бо ин ҳол, худи ҳамон рӯз даргириҳо  аз ҷониби қирғизистон  аз сар гирифта шуд ва то 17 сентябр дар бархе манотиқи марзӣ идома ёфт.

Ин даргирӣ дар Қирғизистон 40 кушта ва беш аз 70 захмӣ барҷо гузоштааст. Тоҷикистон низ аз кушта шудани 41 нафар ва захмӣ шудани 140 нафар дар танишҳои марзии ахир хабар додааст.

Ибҳом дар ҳудуди марзҳо яке аз аслитарин далоили даргирии байни ҷумҳуриҳои истиқлолёфта аз Шуравӣ аст. Ин мушкил токунун борҳо ба даргирии марзӣ дар бисёре аз кишварҳои минтақаӣ мунҷар шудааст.