Сентябр 27, 2022 17:26 Asia/Dushanbe
  • Холи кардани марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз таҷҳизоти сангини низомӣ
    Холи кардани марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз таҷҳизоти сангини низомӣ

Раиси Кумитаи давлати амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, ки бо тарафи тоҷикистонӣ дар бораи ақиб кашидани таҷҳизоти сангини низомӣ аз нуқтаҳои марзии ду кишвар ба тавофуқ расида аст.

Ба гузориши сомонаи Русия Алявм, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, ки мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон рӯзи якшанбе тавофуқеро дар заминаи поёни даргириҳо ва расидан ба роҳи ҳал дар бораи марзҳои ду кишвар ба имзо расонданд.

Ибҳом дар ҳудуди марзҳо яке аз аслитарин далоили даргирии байни ҷумҳуриҳои истиқлолёфта аз Шуравӣ аст, ин мушкил то кунун борҳо ба даргирии марзи дар бисёри аз кишварҳои минтақа мунҷар шуда аст.

 

Барчасп