Сентябр 28, 2022 13:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкориҳои нафтӣ, меҳвари гуфтугӯи мақомоти Туркманистон ва  Арабистон

Раисиҷумҳури Туркманистон, дар мавриди имкони ҳамкории баландмуддат барои тавсеаи бархе махозини нафтии Хазар бо мудири иҷроии Ширкати нафтии “Dragon”-и Арабистон гуфтугӯ кард.

Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон, дар мавриди имкони ҳамкории баландмуддат дар робита бо тавсеаи бархе манотиқи дарёии Хазар бо Алӣ Рашид Ал Ҷарвон, мудири ин ширкат гуфтугӯ кард.

Бердимуҳаммадов гуфт, дар ҳоли ҳозир кишвари мо фаъолона дар тавсеаи бозори ҷаҳонии энержӣ мушорикат дорад. Дар заминаи иқтисоди миллӣ, афзоиши ҳаҷми тавлиду фароварии нафту газ ва ҳамчунин содироти ҳомилҳои энержии Туркманистон ва фаровардаҳои шимиёии ниҳоии нафту газ мо фаъолияти худро дар авлавият қарор додаем.

Вай бо дар назар гирифтани тақозои рӯ ба рушди энержӣ дар бозори ҷаҳонӣ таъкид кард, ки чашмандозҳои хубе барои таъмиқи бештари ҳамкориҳо ва омодагӣ барои баррасии ҳамаи пешниҳодоти ширкат барои мушорикати бештар вуҷӯд дорад.

Алӣ Рашид Ал Ҷарвон низ дар ин мулоқот бо таҳсини миқёсу суръати таҳаввулот ва ислоҳоти асосии анҷом шуда дар Туркманистон, ки ҳимояти густардаи ҷомеъаи байналмилалиро ба ҳамроҳ доштааст, итминон дод, ки Dragon

Dragon Oil, бо масъӯлияти маҳдуди тавсеа бахше аз дарёи Хазари туркманӣ дар минтақаи қарордодии Чилкенро тасреъ хоҳад кард. Ин дар қарордоди тавлиди нафт то 1 майи 2035 пешбинӣ шудааст, ки дар тобистони имсол бо раҳбарии давлатии "Туркманнафт" имзо шуд.

 

Барчасп