Сентябр 29, 2022 10:27 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории низомии Туркманистон бо Амрико
    Ҳамкории низомии Туркманистон бо Амрико

Вазири умури хориҷаи Туркманистон ва мудири умури низомии Монтана дар мавриди барқарории ҳамкорӣ байни фармондеҳии марказии Амрико, дафтари горди миллии Амрико ва Вазорати дифои Туркманистон гуфтугӯ карданд.

Рашид Муродов ва Ҷон Карнак омодагии худро барои тавсеаву тақвияти ҳамкориҳои низомӣ мутобиқ бо меъёрҳои қонуни асосии Туркманистон дар мавриди бетарафии доими ин кишвар ва докторинаи низомии ин кишвар, ки моҳияти комилан дифоӣ дорад, иброз карданд.

Пеш аз ин дар чорчӯби барномаи ҳамкории фавқуззикр байни идороти низомии Иёлоти Муттаҳида ва Туркманистон омӯзишҳову ибтикороти созандае баргузор шуд.

Тарафайн ҳамчунин имкони ҳамкорӣ дар заминаҳои вокуниш ва рафъи паёмадҳои балоёи табиӣ ва шароити изтирориву ҳифозату амнияти кибернеткӣ, фаъолиятҳои муҳандисӣ ва сохтмониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамасола ба унвони бахше аз барномаи ҳамкории солона, теъдоде давраҳои омӯзишӣ бо ҳузури мутахассисони амрикоӣ ва туркман дар Ишқобод ва хориҷ аз Туркманистон баргузор мешавад.