Октябр 03, 2022 10:15 Asia/Dushanbe
  • Давлати интиқолии Толибон аз нигоҳи Ҳикматёр
    Давлати интиқолии Толибон аз нигоҳи Ҳикматёр

Раиси Ҳизби исломии Афғонистон дар пешниҳоди ҷадид ба давлати муваққати Толибон, як тарҳи ҳафтмоддаиро барои ташкили давлати интиқолӣ дар ин кишвар ироа кард.

Гулбуддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон дар тарҳе ҳафтмоддаӣ, бо пешниҳод ба Толибон барои эҷоди давлати интиқолӣ, хостори нишасти муштарак байни намояндагони аҳзоби бонуфузи Афғонистон ва намояндагони ҳайати ҳоким шуд.

Гулбуддин Ҳикматёр ҳамчунин бо таъкид бар ин ки ин нишаст бояд дар кишваре бетараф баргузор шавад, пешниҳод дод, зинафъони хориҷӣ ва намояндагони Созмони Милал ба унвони нозиру ҳомӣ дар ин раванд ҳузур дошта бошанд.

Раиси Ҳизби исломии Афғонистон таъкид кард, қудрат бояд аз давлати муваққати Толибон дар ин кишвар ба сурати мусолиматомез ва бидуни таъхир ба ҳукумати қонунии оянда, ки бар асоси қонуни асосии ҷадид эҷод мешавад, мунтақил гардад.

Ҳикматёр ҳамчунин гуфт, ҳаддиаксар як сол барои оғозу поёни кулли ин фароянд дар назар гирифта шудааст.

Давлати муваққати Толибон дар Афғонистон ҳанӯз ба ин тарҳ вокуниш нишон надодааст.

 

Барчасп