Октябр 04, 2022 10:19 Asia/Dushanbe
  • Талафоти инфиҷори Кобул аз 50 нафар гузашт

Омори кушта шудагони ҳамлаи террористии рӯзи ҷумъа наздики як маркази омӯзишӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон ба 54 нафар афзоиш ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, расонаҳои афғонистонӣ асри душанбе ба нақл аз манобеи бемористонӣ эълом кард, бо кушта шудани бархе аз захмиҳои инфиҷори террористии рӯзи ҷумъа ба сабаби шиддати ҷароҳоти ворида, омори кушта шудагони ҳамла ба омӯзишгоҳи Коҷ дар ғарби Кобул ба 54 нафар афзоиш ёфтааст.

Тибқи ин гузориш, теъдоди захмиҳо ҳам ба 112 нафар расидааст.

Пеш аз ин шумори кушта шудагон 49 нафар шомили 42 духтар, се мард ва чаҳор ҷасад бидуни ҳувият эълом шуда буд. Ҳамчунин шумори маҷрӯҳин 97 нафар эълом шуда буд.

Ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба маркази омӯзишӣ дар Кобул бо вокунишҳои густардаи дохилӣ ва хориҷӣ ҳамроҳ будааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ҳомид Карзай, сафорати Эрон дар Кобул, Шӯрои амният, дабири кулли Созмони милал ин ҳамларо маҳкӯм карда ва хостори муҷозоти омилони ин ҳодисаи хунин шудаанд.

Ин нахустин боре нест, ки марокизи омӯзишӣ дар ғарби Кобул ҳадафи ҳамалоти инфиҷорӣ ва интиҳорӣ қарор мегирад. Пеш аз ин марокизи омӯзишии Мавъӯд (Коҷ), Кавсари дониш, Мумтоз, мактаби Саид ул Шуҳадо ва мактаби Абдураҳими шаҳид низ ҳадаф қарор гирифта буданд, ки дар натиҷаи он даҳҳо донишомӯз кушта ва захмӣ шуданд.

 

Барчасп