Ихтисоси кумаки 600 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Қирғизистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i92232-Ихтисоси_кумаки_600_миллиондолларии_Бонки_Ҷаҳонӣ_ба_Қирғизистон
Мудир омили Бонки Байналмилалии Бозсозӣ, тавсеа ва Анҷумани тавсеаи байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ аз кумаки 600 миллион долларӣ ба Қирғизистон хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 06, 2022 11:18 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси кумаки 600 миллиондолларии Бонки Ҷаҳонӣ ба Қирғизистон

Мудир омили Бонки Байналмилалии Бозсозӣ, тавсеа ва Анҷумани тавсеаи байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ аз кумаки 600 миллион долларӣ ба Қирғизистон хабар дод.

Аксел фон Тротсенбург, мудир омили Бонки Байналмилалии Бозсозӣ, тавсеа ва Анҷумани тавсеаи байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ дар суханронии имрӯз дар Маҷмаи иқтисодии Бишкек эълом кард, ки Бонки Ҷаҳонӣ омодаи кумаки 600 миллиондолларӣ барои кумак ба минтақаи Ботканд мебошад.

Вай тасреҳ кард, ин буҷет барои панҷ соли оянда ва бо ҳадафи эҳёи иқтисоди Қирғизистон аст.

Тротсенбург гуфт, мо имрӯз инҷо гирдиҳам омадаем то ба таври муштарак як стротегия барои эҳёи иқтисоди Қирғизистон эҷод кунем.

Вай гуфт, таҷриба нишон додааст, ки таъмини молӣ дар ҳаҷми кам асарбахш нест ва ба ҳамин далел ниҳодҳои байналмилалӣ дар ҳоли кор бар рӯи як равиши роҳбурдӣ барои ҳимоят дар ҳаҷми боло аз Қирғизистон ҳастанд.

Пеш аз ин низ намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар нишасте бо намояндагони маҷлиси Қирғизистон эълом омодагӣ карда буданд, ки 50 миллион доллар барои тавсеаи минтақаи Ботканд ихтисос хоҳанд дод.