Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ихтилоф бо раиси Кумитаи амнияти миллиро рад кард
(last modified Mon, 10 Oct 2022 05:27:14 GMT )
Октябр 10, 2022 10:27 Asia/Dushanbe
  • Ҷабборов аз Тошиев ҳимоят кард
    Ҷабборов аз Тошиев ҳимоят кард

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон гуфт, то замоне, ки ман дар қудрат ҳастам, Тошиев дар вазифа боқӣ хоҳад монд.

Содир Ҷабборов афзуд, вуҷуди ихтилоф бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва оғози тақсими қудрат нодуруст аст. Ин нуктаро худи раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар пайи интишори ахборе дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён кард.

Ҷабборов гуфт: "Аввал аз ҳама, мо ҳаргиз даъво нахоҳем кард, ман ба ин роҳ намедиҳам".

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон афзуд: Тошиев ҳамаи дастуроти манро анҷом медиҳад, зеро ман барои манофеи шахсӣ дастур намедиҳам. Ҳама чиз дар чорчӯби манофеи кишвар анҷом мешавад".

Ӯ тавзеҳ дод, ки гуруҳҳои хосе вуҷуд доранд, ки мехоҳанд ӯро бо тошиев даргир кунанд.

Ҷабборов гуфт: «Ба назари шумо, агар онҳо бигӯянд Тошиев мехоҳад раисҷумҳур шавад, онро бовар ва Тошиевро аз симматаш барканор мекунам? То замоне ки ман дар қудрат ҳастам, ӯ дар қудрат хоҳад буд".