Самарқанд мизбони нишасти байналмиллалии амнияти ғизоӣ дар соли 2023
(last modified Sun, 16 Oct 2022 06:54:15 GMT )
Октябр 16, 2022 11:54 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон дар соли 2001  мелодӣ узви Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Миллалӣ Муттаҳид шудааст
    Узбакистон дар соли 2001 мелодӣ узви Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Миллалӣ Муттаҳид шудааст

Нишасти байналмиллалии амнияти ғизоӣ дар шаҳри Самарқанд бо ҳамкории (IFAD) дар соли 2023 мелодӣ баргузор мешавад.

Панҷоҳумин нишасти Кумитаи амнияти ҷаҳони ғизо дар мақари Созмони хорбор ва кишоварҳии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Рум баргузор шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, Ашраф Хоҷаев мудири бахши дипламатии иқтисоди Вазорати хориҷаи Узбакистон гуфт: Кишвараш маводи ғизоиро ба унвони кумакҳои башардӯстона дар ихтиёри мардуми Афғонистон қарор медиҳад.

Ӯ афзӯд: 25-уми октябр Узбакистон мизбони маросими сатҳи болои таъмини камбуди моли ноши аз таҳаввули системаҳои ғизоӣ бо ҳимояти Сандуқи байналмиллалӣ тавсиаи кишоварзӣ (IFAD)  хоҳад буд.

Узбакистон дар соли 2001  мелодӣ узви Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Миллалӣ Муттаҳид шудааст.

Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид дар замимнаҳои мубориза бо қатъӣ, афзоиши ҳосилхези ва суботи кишоварзӣ, ҷангалдорӣ ва моҳипарварӣ, коҳиши фақр дар манотиқи рустоӣ фаъолият мекунад.